ОМОДАГӢ БА САРМО. Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт ба зимистонгузаронӣ тайёр мебошанд
РАШТ, 03.10.2023 /АМИТ«Ховар»/. Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024» то имрӯз дар 8 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт ва минтақаҳои Ҳоиту Лахш маводи зиддилағжиш, намак, ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ захира намудааст. Дар ин хусус сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт Оимнисо Таваккалова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт мувофиқи нақшаи тасдиқшуда дар мавсими имсола бояд 3507 м3 маводи зиддилағжиш, 418,9 м3 намак, 22 тонна ангишт, 34 м3 ҳезум ва 25 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ захира намояд.
Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт дар тавозуни худ 940,296 км роҳ дорад, ки аз он 306,61 км роҳҳои байналмилалӣ, 177,7 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 455,98 км роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.
Дар нуҳ моҳи соли равон барои ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт зиёда аз 279 км роҳҳо таъмири асосӣ ва ҷорӣ гардида, 7 пул бо дарозии 261 метр таъмир ва барқарор гардид. Дар роҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявии ноҳияҳои минтақа 37 қубур бо дарозии 322 метр барқарор шуд. Инчунин барои зимистонгузаронӣ 49 техникаю механизмҳои роҳдорӣ мавриди омодабош қарор доранд.Инҳо 10 боркунаки фронталӣ, 7 булдозер, 9 мошини худфарор, 4 мошини қумпошак, 2 экскватор ва 6 мошини сабукрав мебошанд.
Ҷиҳати истифодаи мақсадноки техника ва механизмҳои роҳсозӣ ва беҳдошти ҳолати роҳҳои мошингарди маҳаллии истифодаи умум дар ҳамаи фаслҳои сол ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳо аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои минтақаи Рашт дар нуҳ моҳи соли равон 527 ҳазору 485 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Дар шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ва Лаби ҷар-Сангвор-Дарвоз бисёр мавзеъҳои хавфнок мавҷуд ҳастанд, ки дар барфу борон сангу ярч фаромада, ҳаракати нақлиёт манъ мегардад. Дар фаслҳои баҳор, тирамоҳу зимистон роҳи Лаби ҷар-Сангвор-Дарвоз мушкилгузар буда, дар он хатари лағжиши тарма ва омадани селу резиши сангпораҳо бештар дида мешавад. Кормандони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои минтақаи Рашт то имрӯз зиёда аз 15 ҳолати офати табииро дар мавзеъҳои хавфноки роҳҳои ин минтақа бартараф намудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта мешавад
Дар Муъминобод барои дастгирии занони ҳунарманд Маркази «Чирадаст» таъсис дода шуд






