ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо 24 153 метри мукааб маводи зиддилағжиш захира шудааст
ДУШАНБЕ, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 сентябр бо назардошти бақияи мавсими гузашта маводи зиддилағжиш 24 153 метри мукааб, сӯзишвории дизелӣ 14 ҳазор литр, ангишт 55 тонна ва ҳезум 237 метри мукааб захира гардидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Барои фаъолияти мунтазам ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳо дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба ҳолати 1 сентябр 455 техника омода гардидааст. Ҳамзамон дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ маводи зиддилағжиш 135,3 тонна, сӯзишвории дизелӣ 165,5 тонна, бензин 85 тонна ба нақша гирифта шуда, захираи он тариқи шартномаи тарафайн амалӣ мегардад.
Захираи маводи озуқаворӣ, сӯхт, зиддилағжиш, зиддияхбандӣ, хӯроки чорво, пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳӣ, гузаронидани корҳои таъмириву барқароркунӣ дар иншооти энергетикӣ, омода намудани техникаю механизмҳои нигоҳдории рохҳои автомобилгард аз тадбирҳои муҳими омодагардонии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ба ҳисоб рафта, таъмини соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва аҳолӣ бо неруи гармию барқ дар нақшаи чорабиниҳо мавқеи муҳим ишғол менамояд.
Бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» аз ҷониби вазорату идораҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи захираи маводи озуқаворӣ ва сӯхт барои эҳтиёҷи аҳолӣ, муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва сохторҳои қудратӣ омода гардидааст. Захираи маводи озуқа ва сӯзишворӣ, аз ҷумла орд — 46 539 тонна, равған — 17 677 тонна, биринҷ – 17 135 тонна, шакар — 13 810 тонна, консерваҳо — 1214260 қуттии шартӣ, картошка- 44 356 тонна, пиёз-25 451 тонна, ангишт — 235 078 тонна, ҳезум — 247 977 метри мукааб ва сӯзишвории дизелӣ 1 273 тонна муайян шудааст.
Бояд гуфт, ки маълумоти омории мазкур то 1 сентябри соли 2023-ро дар бар гирифта, ҷараёни захираи озуқаворӣ ва маводи сӯхт тибқи Нақшаи чорабиниҳои қарори номбурда асосан то 1 ноябри соли 2023 пешбинӣ гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






