Оператори мобилии «Анор»: содагӣ нишонаи сифат
ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба тарофаҳои оператори мобилии «Анор» танҳо хизматрасониҳои аз ҳама зарурии алоқа дохил шудаанд. Дар он воқеан ягон шарту тавсифи пинҳонӣ бо «ситорачаҳо» дида намешавад. Лекин баъзе афзалияти технологие мавҷуд мебошанд, ки муштариён доир ба онҳо аксаран фикр ҳам намекунанд, зеро онҳо ба нархи тарофаҳо таъсир намерасонанд. Лекин донистани ин ҷиҳатҳои мусбат муфид хоҳад буд.
Сараввал ба хотир меорем, ки ба тарофаҳо чӣ дохил мешавад. Онҳо аз зангҳо, интернети мобилӣ ва SMS иборат мебошанд. Ба назар маҷмуи хеле сода менамояд. Лекин, масалан, даъватҳои одии овозӣ чиро дар бар мегиранд. Ба муштариёни «Анор» VoLTE дастрас мебошад, ки онро технологияи садои комилан тоза низ меноманд. Овози ҳамсуҳбат возеҳу равшан, бе ягон нуқсон шунида мешавад. Барои истифода аз ин афзалият зарур аст, ки дар танзимоти телефон тугмаи «VoLTE» фаъол шавад – муҳим он аст, ки технологияи мазкур дар намуди телефони шумо дастрас бошад. Инчунин метавонед ба мушовирони «Анор» муроҷиат намуда, хоҳиш намоед, ки хизматрасонии мазкурро фаъол намоянд. Ногуфта намонад: VoLTE имкон медиҳад, ки даъвати овозию интернет ҳамзамон ба кор бурда шавад.
Ҳангоми анҷоми зангҳо аз Тоҷикистон ба хориҷа ё, баръакс, аз хориҷа ба хона чӣ мешавад? Ба муштариёни «Анор» алоқа дар зиёда аз 200 мамлакати олам дастрас аст. Зарур нест, ки рақам иваз шуда, ҳангоми сафар SIM-кортҳои маҳаллӣ харида шаванд. Зангро наздикон аз дилхоҳ гӯшаи олам хоҳанд шунид.
Интернети мобилии «Анор» низ ғайриодӣ аст. Дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар баландии кӯҳҳо муштарии оператор имкон дорад, ки алоқаи 4G истифода барад. Суръати интернет барои тамошои видео, гӯш кардани мусиқӣ, ирсоли аксҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ кифоя хоҳад буд. Агар маълумот лозим бошад, метавон ба онлайн-мушовирони «Анор» дар саҳифаҳои оператор дар Instagram ё Facebook савол дод.
Муштарии «Анор» метавонад дар телефони худ ҳамзамон якчанд рақамҳоро истифода намояд – ин озодиро ба ӯ хизматрасонии инноватсионии eSIM таъмин менамояд. Дар омади гап, акнун SIM-кортҳои электронӣ дастрастар шуданд, арзиши пайвасткунии онҳо аз 10 то 30 сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҳама муҳим – системаи биллингии оператор дар реҷаи вақти воқеӣ кор менамояд. Ин имкон медиҳад, ки зангҳо ва трафики интернет бо дақиқияти пурра нарх гузошта шаванд.
Инак, «Анор» хизматрасонии асосиро бо чунин афзалияти муҳим, ба монанди садои комилан тозаи VoLTE, интернети баландсуръат дар шабакаи 4G ва имкони истифодаи якчанд рақам бо корти электронии eSIM пешниҳод менамояд. «Ҷузъҳо»-и тарофаҳо кам ва ҳамаи онҳо дорои сифати баланд мебошанд.
«Анор» – оператори инноватсионии имконияти сода.
АКС: оператори мобилии «Анор»








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






