Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад

Октябрь 27, 2023 09:11

ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои «математика», «физика ва астрономия», «химия», «биология», «география», «технологияи иттилоотӣ», «ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷамъбаст гардид. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қабул ва баррасии муроҷиатҳо (апеллятсия) баргузор шуда, ғолибон муайян мегарданд. Пагоҳ, 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуда, ба ғолибони озмун ҷоизаҳо супорида мешаванд.

Иштирокчии рӯзи чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-ноҳияи Ванҷ Зумратшо Мирзоев дар номинатсияи «ихтироъкорӣ ва навоварӣ», ки дар Институти геология, сохмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд, дар мавзуи «Усули дурагакунии зироати кишоварзӣ, полезӣ ва мутобиқкунонии онҳо ба минтақаи баландкӯҳ» маърузаи худро пешниҳод намуд. Дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» ӯ иброз дошт, ки «яке аз масъалаи ҷаҳонии инсоният- ин дар шароити имрӯза амалӣ гардонидани барномаи озуқаворӣ буда, таъмин намудани аҳолӣ бо ғизо ва дигар маводи зарурӣ вазифаи авалиндараҷа мебошад, ки он дар назди илм вазифаҳои нав мегузорад. Бо ҳамин мақсад аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудааст. Маҳале, ки ман зиндагӣ менамоям, дар баландии 1856 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ман ҳамчун муаллими фанни биология собиқаи зиёди корӣ дорам ва дар қисмати боғи таълимиву таҷрибавии муассиса ва замини наздиҳавлигиам дурагакунии хешони наздик ва дури растаниҳоро ба роҳ монда, аз натиҷаи он ҳосили дилхоҳ ба даст овардам ва кори амалии худро пайваста ба шогирдон меомӯзонам. Ман аз соли 2004 ба корҳои амалӣ машғул ҳастам. Ман миннатдории худро ба Пешвои миллат мерасонам, ки имрӯз барои мо чунин шароитро муҳайё намудаанд, ки мо дониши назариявӣ-амалии худро ба донишмандону олимон пешниҳод намуда, дар ин соҳа имконият ба даст орем ва тавонем донишҳои худро дар ҳаёт татбиқ ва амалӣ гардонем».

Иштирокчии дигари ин номинатсияи озмун муовини директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, номзади илмҳои кишоварзӣ иброз дошт, ки соли дуюм аст дар ин озмун иштирок дорад. Соли якум ҷои ифтихориро соҳиб шуда, имсол дар даври шаҳрӣ ва вилоятӣ ҷои якум ва роҳхат ба даври ниҳоӣ гирифт. Умед дорад, ки дар даври ниҳоӣ низ ҷои намоёнро соҳиб шавад.

Узви ҳакамони номинатсияи технологияи иттилоотӣ Асламбек Аминов, ки озмун дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев баргузор шуд, гуфт, ки дар даври чоруми озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей, гимназияҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ аз ҳар ноҳияи шаҳри Душанбе ва вилоятҳо шашнафарӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорон дар компютерҳо аз рӯи барномаҳои гуногун масъалаҳои аз тарафи ҳакамон пешниҳодгардидаро барномарезӣ намуда, ҳал менамоянд. Рӯзи якуми озмун назариявӣ ва се рӯзи дигари он амалӣ буд.

Дар номинатсияи химия донишҷӯи курси дуюми Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон Алиша Бурҳонова соли якум аст, ки дар ин озмун иштирок дорад. Ӯдар даври шаҳрии озмун ҷои сеюм ва дар даври ноҳиявӣ ҷои дуюмро ишғол намуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтааст.

Ӯ иброз дошт, ки «ман ба омӯзиши фанни химия хеле шавқу рағбат дорам. Вақте дар синфи ҳаштум мехондам, ман касал шуда, ду ҳафта дар беморхона бистарӣ шудам ва аз ин фан хеле ақиб мондам. Аз ин рӯ дар чоряки якум ба ман баҳои се монданд. Бисёр зиқ шудам. Шавқи зиёд доштан ба ин фан сабаб шуд, ки ман дар синфи ёздаҳум давоми ду моҳ дарсҳои иловагӣ гирифта, ба Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дохил шудам. Мо, иштирокдорон бисёр хурсанд ҳастем, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» оғоз ёфт ва ин сабаби баланд гардидани сатҳи донишомӯзии мо, донишҷӯён мегардад».

Номинатсияҳо аз рӯи география ва биология дар Академияи миллии илмҳо ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,радиатсионӣ ва ядроӣ гузаронида шуданд.

Инчунин дар рӯзи чорум дар толори муосири Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияи физика ва астрономия 80 нафар муҳассилини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназия ва мактабҳои хусусӣ, донишҷӯёни зинаи бакалавриат ва магистратура иштирок намуданд. Барои иштирокчиён муҳити мусоид, аз ҷумла толори наву барҳаво иборат аз 150 ҷойи нишаст, саҳнаи баромад ва муҷаҳҳаз бо ҳама шароити муосири корӣ, нуқтаи махсуси тиббӣ барои ҳолатҳои эҳтимолии муаммоҳои саломатӣ ва маводи ғизоӣ фароҳам оварда шудааст.

Тибқи рӯйхати тасдиқшуда, аз 80 нафар иштирокчии номинатсияи «физика ва астрономия» 30 нафар муҳассилини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 26 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии типи нав- литсею гимназия ва мактабҳои хусусӣ ва 24 нафар донишҷӯ аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ буданд. Иштирокчиён давоми 4 рӯзи баргузории озмун донишу малакаи худро вобаста ба ҳалли мисолу масъалаҳо ва муоширати шифоҳӣ ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз 23 то 27 баргузор шуда, дар даври ниҳоии он аз рӯи 7 номинатсия аз шаҳри Душанбе 132 нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 79 нафар, вилояти Хатлон 128 нафар ва вилояти Суғд 120 нафар, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 120 нафар иштирок намуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) соли сеюм аст, ки дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 27, 2023 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон намоиши гулдӯзии тоҷикон доир шуд
Иштирокдорони конфронси байналмилалӣ намоиши ҷашнии «Ҳофизи Шерозӣ ва ҳунари хушнависии тоҷик»-ро тамошо намуданд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид
Дар Сеул байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Директори Театри опера ва балети Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ ҳамкории эҷодӣ ва таълимӣ пешниҳод намуд
Дар Бӯстон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
МУЖДАҲОИ РУҲБАХШИ ЗИНДАГӢ ДАР ШЕЪРИ ҲОФИЗ. Эҳдо ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо таҷҳизоти табобатии нурии саратонӣ таъмин гардид
Тараннуми дӯстию рафоқат ва мақоми инсон дар ҷомеа дар маркази афкори эҷодии Ҳофизи Шерозӣ қарор дорад
Чанд мулоҳиза дар бораи нусхаи тозаи «Девон»-и Ҳофиз. Эҳдо ба 700-солагии зодрӯзи Ҳофизи Шерозӣ
ШАҲРИ ҲУНАРМАНДӢ ВА ҲУНАРМАНДОН. Истаравшан макони ҷалби сайёҳон аст
Дар Душанбе бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид