Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 19, 2023 17:30

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти соҳаи тандурустӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати замини он 5 ҳазору 658 метри мураббаъро дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фариддун» ба иҷро расонида шудаанд.

Аз рӯи лоиҳа дар бинои мазкур ҳам бемориҳои наркологӣ ва ҳам бемориҳои рӯҳиву равонӣ табобат карда мешаванд.

Дар Беморхонаи наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб 40 кати хоб, 8 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои занона ва мардонаи беморони майзада, наркологӣ, экспертизаи судӣ, табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон, наркологии наврасон, эҳёгарӣ ва шуъбаи таҳлил мавҷуд мебошад, ки ҳамаи онҳо ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯ мебошад.

Дар таҳхона дармонгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ, бахши ташхисӣ ва экспертизаи наркологӣ, ҳамзамон Маркази экспертизаи тиббию судии минтақаи Кӯлоб ҷойгир карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), оксегенератор, узӣ, катҳои ташхисӣ ва асбобҳои асосӣ барои ёрии таъҷилӣ аз хориҷи мамлакат ворид гардида, ҷиҳати табобати пурраву саривақтии беморон мусоидат менамояд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи мазкур бо чунин шароит дар миқёси ҷумҳурӣ аввалин ба шумор рафта, дар он имконияти аз 3 то 21 рӯз ба табобати шабонарӯзӣ фаро гирифтани бемориҳои наркологӣ мавҷуд аст.

Дар беморхонаи тозабунёд 20 ҳуҷра бо шароити муосир таъсис дода шуда, он имкони дар як вақт ба 40 нафар хизмат расониданро дорад.

Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Маркази вилоятии равонпизишкӣ, беш аз 80 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуда, дар хизмати аҳолӣ қарор доранд.

Табибони Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхории пайвастаашон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, бо итминон иброз доштанд, ки баҳри таъмини солимии ҷомеа дониш ва таҷрибаи андухтаи хешро равона месозанд.

Ифтитоҳи Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоб 19.10.2023

Октябрь 19, 2023 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд