Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ пойгоҳи обкаширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ пойгоҳи обкашӣ воқеъ дар деҳаи Тосқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Дар расми ифтитоҳи иншоот аз рӯи лоиҳаҳо ва тариқи монитор намоиш додани лавҳаҳои видеоӣ ба Сарвари давлат доир ба сифати корҳои анҷомдодашуда ва иқтидори фаъолиятии пойгоҳи насосӣ ва обанборҳо маълумот дода шуд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмин намудани сокинони деҳаҳои Тосқалъаи поён ва боло, Гулдара, Арал, Заркамар, Зардолубоғ, Ҳулбек ва деҳаи ба номи Элмурод Хоҷаев дар маҷмуъ 40 деҳа ва 155 ҳазор аҳолӣ бо оби нушокӣ 5 пойгоҳи обкашӣ бунёд гардида, бо таҷҳизот ва технологияи муосир муҷҷаҳаз гардонида шудаанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд.
Фармоишгари сохтмони иншооти мазкур Маркази идораи “Лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корҳои сохтмонии обанборҳои зеризаминӣ ва ҳавзҳои танзими обтаъминкунии Пойгоҳи насосии «Тосқалъа» аз ҷониби пудратчии ҶДММ “Приоритет” бо сифати баланд анҷом дода шудаанд.
Ҳамчунин саҳни бино бо шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои гуногуни мавсимӣ оро ёфтааст. Роҳравҳои иншооти мазкур пурра таъмир гардида, атрофи муассиса чароғон карда шудааст.
Тадбири мазкур дар доираи эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» амалӣ гардида, барои сокинони маҳаллӣ дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад, зеро бо мавриди истифода қарор додани иншооти мазкур мушкилоти чандинсолаи сокинон бартараф гардид.









Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон






