Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ шинос шуданд

Октябрь 25, 2023 11:35

ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар гурўҳи ноҳияҳои Ваҳдат дар саҳни ҳавлӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва лоиҳаи сохтмони шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурўҳи ноҳияҳои Рашт шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар шафати шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар масоҳати 1041 метри мураббаъ сохта шуда, майдони зери сохтмони бинои шуъба 805 метри мураббаъро ташкил хоҳад дод.

Аз рӯйи лоиҳа бино бояд бо таҳхона ва се ошёна бунёд шуда, дар он сохтмони 13 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис, 3 хазина, суратгирхона, толори имтиҳони ронандагон, ҳуҷраи духтур, бойгонӣ, қабулгоҳ, толори хурокхӯрӣ, нуқтаи гармидиҳӣ бо ангишт, таваққуфгоҳ барои мошинҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар назар аст.

Муаррифии лоиҳаи сохтмони бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати БДА ВКД дар шаҳри Ваҳдат 25.10.2023

Октябрь 25, 2023 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон