Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе 7 корхонаи калони саноатиро бо беш аз 4000 ҷойи кор мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 31, 2023 09:50

ДУШАНБЕ, 31.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 31 октябр аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе”-ро баъд аз навсозӣ ифтитоҳ намуданд.

Дар иншооти истеҳсолӣ ҷиҳати иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат дар доираи амалӣ шудани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе технологияи муосир насб шуд.

Дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ давоми солҳои 2022-2023 аз Ҷопон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Чин, Англия, Русия ва Туркия ворид шудаанд.

Баъд аз навсозӣ фаъолияти 3 хатти нави технологии ҳозиразамон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” ба роҳ монда шуд, ки дар онҳо пиҷакҳои мардона ва занона, шим ва куртаҳо дӯхта мешаванд.

Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо барои зиёдшавии теъдоди иншооти саноатӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, бо ҷойи кор фаро гирифтани аҳолӣ ва рушди бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Баъд аз навсозӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” бори аввал истеҳсоли шиму костюми мардонаву занона бо истифода аз технологияи ҳозиразамони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ амалӣ гардид.

Дар натиҷаи навсозии пурраи қитъаҳои омодакунӣ, поракунӣ, таҷрибавӣ, дӯзандагӣ, ворид намудани таҷҳизоти муосири техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон шароити мусоид барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таҳкими фаъолияти корхона фароҳам оварда шуд. Бо васеъ гардидани имконияти корхона ҷиҳати содироти молу маҳсулот бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста мешаванд.

Бо истифода аз иқтидори техникӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” имкон дорад дар як сол то 2 миллион либосҳои махсуси корӣ барои фасли тобистону зимистон, шиму костюм, либоси мактабӣ, варзишӣ, курта ва рахти хоб, дар маҷмуъ 250 номгӯй маҳсулот истеҳсол намояд. Дар сурати зиёд шудани фармоиш корхона имкон дорад, ки истеҳсоли маҳсулотро аз ин ҳам зиёдтар намояд.

Баъд аз навсозӣ дар корхона 230 ҷойи кори иловагӣ таъсис дода шуда, дар маҷмуъ ба 470 ҷойи кор расонида шуд. Дар сурати дар се баст ба роҳ мондани фаъолияти корхона то 1200 ҷойи корӣ муҳайё мешавад. Ин ҷиҳати амалишавии фарогирии шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон бо ҷойи кор мусоидат менамояд. Барои кормандон нақлиёти хизматӣ пешбинӣ шудааст.

Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири босифат ҷалб намуданд.

Дар корхона таҷҳизоти лазерӣ барои ҳаккокӣ дар матоъ, сканер барои ба таври худкор гирифтани андозаи либос, хатти технологӣ иборат аз 145 таҷҳизоти махсус барои дӯхт, дарзмолкунӣ, банду баст ва хушкашӯии кимиёвии либос ворид ва насб шудааст. Ин имкон фароҳам овард, ки ҳар амалиёти дӯхти либос бо истифода аз таҷҳизоти алоҳидаи худкор ба роҳ монда шавад, ки дар Тоҷикистон бори аввал аст.

Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” аз матоъ бо андозаҳои гуногун тавассути технологияи муосир мувофиқ ба дархости мизоҷон либосҳои шинаму зебо барои мардон ва занон истеҳсол мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми шаҳрдориро дар самти бунёду барқароркунии иншооти истеҳсолӣ намуна арзёбӣ намуда, коргарону мутахассисонро ҷиҳати омӯзиши пурраи кор тавассути технологияи муосир, афзалият додан ба талаботи бозор, истифодаи пурра аз имконияти васеи технологӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифат вазифадор намуданд.

Имрӯз Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” аз биноҳои маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иншооти муосири ёрирасон иборат буда, аз коргоҳи тарроҳӣ, коргоҳи омодасозӣ ва поракунӣ, 2 коргоҳи дӯзандагӣ, коргоҳи шустушӯӣ ва рангубор, коргоҳи такмилдиҳии намнокӣ ва банду баст, коргоҳ барои дӯхти либос аз рӯйи супоришҳои махсус, нуқтаи хизматрасонии хушкашӯӣ, буғхона, мағоза ва ошхонаи васею барҳаво барои 400 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаҳои маҳсулоте, ки дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” истеҳсол мешаванд, шинос шуданд.

Дар 9 моҳи соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 87 корхонаи дӯзандагӣ истеҳсоли маҳсулот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 фоиз зиёд шудааст, ки аз ин 21 корхона ба шаҳри Душанбе рост меояд. Дар 9 моҳи соли равон истеҳсоли либоси мактабӣ дар шаҳри Душанбе нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  26,9 фоиз зиёд шудааст, ки аз ҳама нишондиҳандаи баланди рушд дар ҷумҳурӣ мебошад.

Иҷрои супоришҳои Сарвари давлат нисбат ба дастгирии фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имкон фароҳам овард, ки соҳибкорӣ дар пойтахти мамлакат рушд намояд ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот таъмин шавад.

Барои рушди саноат дар пойтахти мамлакат шароити зарурӣ фароҳам аст ва дар асоси супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тавассути бунёду барқароркунии коргоҳу корхонаҳо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин, шумораи ҷойи кор дар соҳа зиёд ва ба рушди дучанди иқтисодии пойтахти мамлакат замина гузошта мешавад.

Ифтитоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” 31.10.2023

Октябрь 31, 2023 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 50 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд

Маводҳои таҳлилӣ