Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо лоиҳаи сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ шинос гардиданд

Октябрь 25, 2023 11:40

ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагии сокинони ватандӯсти шаҳри Ваҳдат, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» Саъдуллоев Шамсулло ва бародарон Саъдуллоевҳо шинос шуданд.

Аз ҷониби соҳибкорон танҳо дар деҳоти Шаҳдбор 1 километр роҳи мошингард бо паҳноии 8 метр мумфарш карда шуда, бунёди маркази ҳунаромӯзӣ барои занону духтарони шаҳри Ваҳдат идома дорад.

Роҳи мазкур чароғон карда шудааст ва минбаъд барои рафтуомади бемонеи сокинону нақлиёт хизмат мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки зимни як сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат 27 июни соли 2017 ва аснои ба истифода додани корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хушрӯз” Сарвари давлат ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди як коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ дастуру ҳидоятҳо дода буданд. Инак бунёди маркази ҳунаромӯзӣ бо 60 ҷои корӣ оғоз гардида, дар назар аст, ки дар ин ҷо синфхонаи таълими ронандагон, дӯзандагӣ, пазандагӣ, забономӯзӣ ва касбомӯзӣ идома дорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, ободонии як гӯшаи диёр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои арзанда доданд.

Муаррифии лоиҳаи сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ дар шаҳри Ваҳдат 25.10.2023

Октябрь 25, 2023 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон