Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Узбекистон Пешвои миллатро ба муносибати рӯзи таваллудашон самимона ва гарм табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои беназир орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Узбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳарду ҷониб изҳори боварӣ намуданд, ки равобит ва ҳамкории судманди ду давлат минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду мамлакат рушду тавсеа хоҳад ёфт.
Сарони ду давлат ҳамзамон дар атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами рузномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд






