РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Кӯлоб маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт
КӮЛОБ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр бахшида ба Рӯзи даъватшаванда дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Дар он Раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, волидайни даъватшудагон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ ихтиёриён бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ҳозир шуданд.
Изҳор гардид, ки барои мо мояи ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки бо талошҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии соҳибистиқлоламон соҳиби Артиши миллии бонизом гардидааст. Ин суханони Пешвои миллат тавонбахши руҳу ҷони ҳар фарзанди содиқ ба Ватан мебошанд: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари ору номуси баланди ватандории ҳар ҷавонмард мебошад. Ватан ва ҳимояи марзу буми аждодӣ барои ҳар яки мо ҳам қарз ва ҳам фарз аст!».


Дар анҷоми ҳамоиш ҳунармандони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барномаи фарҳангии худро пешниҳоди ҳозирин гардониданд. Ҳамзамон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои навдаъватон дастархони идона ороста шуд.
Чун анъана аз ҷониби модарон маросими «Нонгазон» гузаронида шуда, ҷавонон дар вазъияти тантанавӣ бо дуои пирони рӯзгордида ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






