Роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 19.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 18 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Артур ван Дизенро қабул намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пас аз анҷоми маросим ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ, аз ҷумла раванди татбиқи Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026 ва Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ шуруъ аз соли 1993 бо таъсиси Намояндагии он ниҳод ва имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ оғоз ёфтааст.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд






