Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон мавриди муҳокима қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар шаҳри Боку дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи 27-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Меҳдӣ Сафарӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Эронро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, саноат, энергетика, фарҳангу сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои дигари рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






