Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии хусусӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Муъминобод Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббии хусусӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассиса аз ҷониби соҳибкор Давлаткарим Сафаров дар муҳлати кӯтоҳ сохта, ба истифода дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббии хусусӣ” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаҳои созандагӣ ба хотири таҷлили шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат бунёд шуда, барои 500 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Дар муассисаи нави таълимии касбӣ, ки ҷиҳати баровардани эҳтиёҷи ноҳияи Муъминобод ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо кадрҳои миёнаи тиббӣ муҳим мебошад, 2 факултет аз рӯи ихтисоси кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ фаъол шуданд.
Дар соли хониши 2023-2024 ба ду факултети амалкунанда- кори ҳамширагӣ ва момодоягӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 180 нафар донишҷӯ тариқи шартномавӣ аз гӯшаҳои гуногуни мамлакат шомил шуданд.
Аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида ва суҳбат бо донишҷӯёни ин муассисаи касбии таълимӣ Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҷиҳати омӯзиши ҳаматарафаи пешаи интихобкардаашон ва дар оянда бо дасту дили пок хизмат намудан ба нафъи халқу миллат ҳидоят намуданд.
Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббии хусусӣ” дар ноҳияи Муъминобод бо тарҳу шакли муосир қомат афрохта, барои илмомӯзии донишҷӯён ҳамаи имконияти моддӣ-таълимӣ фароҳам оварда шудааст. Ба донишҷӯён 40 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.
Масоҳати умумии муассиса 6000 м2-ро дар бар гирифтааст. Бино аз 3 ошёна, 21 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ҳуҷраи ҳамшираи тиббӣ, қабулгоҳ, ҳуҷраи омӯзгорон, ошхона, маҷлисгоҳ, толори хониш ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Бобати гузаронидани соатҳои тарбияи ҷисмонӣ ва ҷиҳати тарғиби густурдаи тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди муассиса майдончаи муҷаҳҳази варзишӣ низ бунёд шудааст.
Бунёди чоҳи амудӣ ва захирагоҳи об бо ҳаҷми 97 метри мукааб низ аз имкониятҳое аст, ки ба хотири бо об таъмин намудани муассиса ва амалисозии фаъолияти нуқтаи гармидиҳии коллеҷ анҷом дода шудааст.
Синфхонаҳои таълимии муассиса бо таҷҳизоти замонавӣ, асбоби аёнӣ ва камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Муассиса дорои 37 комютер, 4 тахтаи электронӣ бо проектор, китобхона бо фонди китобии зиёда аз 2000 ҳазор адабиёти тахассусӣ ва таълимӣ мебошад.
Барои анҷоми босифати сохтмони ин муассиса зиёда аз 80 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Ҷиҳати бунёду муҷаҳҳазгардонии Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббии хусусӣ” дар ноҳияи Муъминобод дар маҷмуъ ду миллиону ҳафтсад ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкори маҳаллиро саривақтӣ арзёбӣ намуда, ин иқдоми созандагиро нишонаи волои пуштибонии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон унвон намуданд.









Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад






