Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолияти ҶДММ «Хишти Ваҳдат» оғоз бахшиданд

Октябрь 25, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат ба таври онлайн ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хишти Ваҳдат» оғоз бахшиданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Солҳои рушди саноат» солҳои 2022-2026 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.

Масоҳати умумии корхонаи хиштбарорӣ 3 гектарро дар бар гирифта, аз ин майдони 1,8 гектарро кон ташкил медиҳад.

Корхонаи хиштбарорӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат дар домани кӯҳсор ҷойгир буда, ашёи хом тавассути техникаи зарурӣ истихроҷ мегардад.

Дар корхонаи навтаъсис 30 нафар сокини маҳаллӣ, ки чанде аз онҳо мутахассиси соҳа мебошанд, бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Истеҳсоли хишт аз марҳилаҳои кандани хок, омехта кардан, қолаббурӣ ва пухтани он дар ҳарорати баланд иборат мебошад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 30 ҳазор дона ва дар як моҳ 900 ҳазор дона хишти пухта мебошад. Корхона дар як сол ба миқдори 5 миллион дона хишти пухта истеҳсол менамояд.

Барои бо сифат ва ба талаби замон истеҳсол намудани масолеҳи сохтмонӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шудааст, ки онро мутахассисони тоҷик пурра идора менамоянд.

Аз рӯйи маълумоти оморӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 149 корхонаи истеҳсоли хишти пухта, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 27 адад, дар вилояти Суғд 54 адад, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 63 адад, дар вилояти Бадахшон 1 адад ва дар шаҳри Душанбе 4 адад фаъолият менамояд.

Зимни ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии «Хишти Ваҳдат» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки барои рақобатпазир гаштани маҳсулоти истеҳсолӣ, таъмини талаботи сокинон бо хишти пухта ва фаъолияти мунтазами корхонаи нав коргарон бояд пайваста талош намоянд.

Ифтитоҳи ҶДММ “Хишти Ваҳдат” дар деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат 25.10.2023

Октябрь 25, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд