«ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ-ТАНАЗЗУЛИ ПИРЯХҲОИ КӮҲӢ». Доир ба ин мавзуъ машварати байналмилалии Федератсияи Русия ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Октябрь 6, 2023 17:20

ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз тавассути видеоконфронс дар мавзуи «Тағйирёбии иқлим – таназзули пиряхҳои кӯҳӣ» машварати байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он олимон ва коршиносони Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок доштанд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» хабар дод.

Дар машварат гуфта шуд, ки Федератсияи Русия татбиқи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»- ро дар соли 2025 ҷонибдорӣ намуда,  омода аст, ки дар он фаъолона иштирок намояд.

Директори Маркази омӯзиши пиряхҳо, профессор Абдулҳамид Қаюмов дар мавзуи «Вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон ва усулҳои инноватсионӣ барои омӯхтани онҳо» сухан гуфта, ба иштирокчиёни машварати байналмилалӣ оид ба  вазъи ҳозираи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷараёни татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 маълумоти муфассал дод. Ӯ таъкид намуд, ки шабакаи мониторинги пиряхҳо таъсис дода шудааст, ки тамоми ҳавзаҳои дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифта, дар баландиҳои 3500-4800 метр аз сатҳи баҳр мушоҳидаҳои даврӣ мегузаронад.

Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки истгоҳи (стансияи) пиряхи Ванҷях (Федченко) аз соли 1994 то ин ҷониб фаъолият намекунад. Яке аз вазифаҳои асосии Марказ дар доираи татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барқарор намудани мониторинги мунтазами доимӣ дар пиряхҳо мебошад. Соли 2023 истгоҳи  Горбунов  90-сола мешавад. Дар робита ба ин, Маркази омӯзиши пиряхҳо дар якҷоягӣ бо шарикони рушди устувор ба пиряхи Ванҷях (Федченко) экспедитсияи муштарак ташкил намуд. Дар айни замон як гурӯҳ олимон корҳои таҳқиқотӣ ва махсусан омӯхтани ғафсии пирях ва интихоб намудани минтақаи таҳкикоти минбаъдаи пиряхи номбурдаро пеш мебаранд.

Марказ кӯлҳои пиряхии хатарнокро назорат менамояд ва ин равандҳоро муътадил мекунад, чунки сел дар маҷрои болооби дарёи Вахш метавонад боиси ифлосшавии дарё гардида, дар оянда лойшавии обанборҳои неругоҳҳои «Норак» ва «Роғун»-ро ба вуҷуд орад. Дар ин мавзеъ барои омӯхтани ин минтақа ва пешгирии лойшавии обанборҳои «Норак» ва «Роғун» бо идораю вазоратҳои дахлдор таҳқиқоти якҷоя ва экспедитсияи комплексӣ гузаронидан зарур аст.

Дар фарҷом А.Қаюмов изҳор дошт, ки аз ҷониби Марказ се ҳуҷҷат омода шудааст, ки асоси ҳамкории минбаъдаи муштарак мебошанд, аз ҷумла Консепсияи ташкил ва гузаронидани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар соли 2025, Барномаи илмӣ ва нақшаи чорабиниҳо.

Дар қатънома сабт шудааст, ки хулосаҳо ва натиҷаҳои муҳокима дар ҳошияи Иҷлосияи 28-уми чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (декабри соли 2023, Дубай, АМА) пешниҳод мешаванд.

АКС: Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 6, 2023 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд