ТАРҲҲОИ ДИПЛОМАТИИ С5+1 ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМО. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш гузаронида шуд

Октябрь 30, 2023 14:19

ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тарҳҳои дипломатии С5+1 дар Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамо» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ оғоз шуд, ки дар он олимону мутахассисон, намояндагони масъули вазорату сохторҳои дахлдор, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва коршиносон иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш изҳор дошт, ки сол то сол робитаҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо давлатҳои дигар, созмонҳои бонуфузи байналмилалии сиёсӣ ва ташкилоти молиявию қарзӣ торафт густариш ёфта,  самарабахш мегарданд.

Ба гуфтаи директори марказ, ин далели он аст, ки густариши сиёсати «дарҳои боз», муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ бо тамоми давлатҳои олам ҳамчун афзалияти устувору бетағйири сиёсати хориҷии мамлакати мо боқӣ мемонад.

«Бинобар ин новобаста аз печидагии вазъи ҷаҳони муосир робитаҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун дар доираи қолаб ва абзори мавҷудаю ташаккулёбанда рушд меёбад», — афзуд мавсуф.

Таъкид гардид, ки қолаби 5+1 имкон фароҳам овард, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ равобити худро бо кишварҳои дигар ҳарчи бештар ба масири ҳамкории мутақобилан судманд, солим ва пойдор равона созанд.

Бояд гуфт, ки соли равон дар дохил ва хориҷи мамлакат таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила чорабиниҳои муҳим баргузор гардиданд, ки нуфузи давлати моро ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ боз ҳам афзуданд. Ва яке аз масълаҳои умдаи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба он ҷалб намуда, дар дар ин самт бо ташаббусҳои башардӯстона шуҳратёр гаштааст, масъалаи обу иқлим ба шумор меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар чаҳорчӯби аксари қолабҳои 5+1 инчунин форумҳои марказҳои стратегии ин давлатҳо амал менамоянд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли онҳо ба шумор меравад. Моҳи сентяри соли равон форуми марказҳои зеҳнии давлатҳои Осиёи Марказӣ+Чин дар шаҳри Сиан баргузор шуд ва моҳи ноябр ташкили чунин қолаб байни марказҳои стратегии Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ дар назар аст.

АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2023 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон 128 санади байналмилалӣ ба имзо расид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ду санади таърихӣ ба имзо расид
Консули генералии Тоҷикистон бо губернатори вилояти Новосибирск мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони байналмилалии муҳоҷират баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ баррасӣ шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Форуми ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуданд
Асарҳои рассомони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии «Санъат бе марз – 2026» дар Ҷопон баҳои баланд гирифтанд
Дар Женева ҷалби сармоягузории Швейтсария ба бахшҳои калидии Тоҷикистон баррасӣ гардид