«Тоҷикаэронавигатсия»: парвозҳои транзитӣ 10,8 афзудаанд
ДУШАНБЕ,10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар нуҳ моҳи соли равон ба 37 ҳазору 747 киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз зиёд мебошад. Чунин гуфта шуд зимни ҷаласа оид ба натиҷагирии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар нуҳ моҳи соли равон. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа директори генералии «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода таъкид намуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» дар ин давра якчанд таҷҳизоти навигатсионӣ ва дигар воситаҳои асосӣ харидорӣ ва он таҷҳизоте, ки ниёз ба таъмир доштанд, ба ислоҳсозӣ фаро гирифта шуда, дар ҷойҳои зарурӣ васлу насб гардиданд. Ин бевосита ба таъмини амнияти парвози киштиҳои ҳавопаймоӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 18 ҳазору 691 парвози транзитӣ анҷом дода шуд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,8 фоиз зиёд аст. Инчунин Маркази авиатсионии метеорологӣ тибқи низоми «TAF» дараҷаи салоҳияти нишондиҳандаҳои пешгӯиро дар ин давра ба 93,4 фоиз расонид. Дастоварди дигари корхона- ин насбу васли таҷҳизоти низоми овозӣ дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати ZAMAK AG дар филиалҳои шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ва омӯзиши кормандон доир ба истифодаи таҷҳизот, инчунин озмоиши ҳавоии низоми мушоҳидавии ADS-B дар парвози ғайрихатсайрӣ ба қисмати шарқии ҷумҳурӣ бо воситаи ҳавопаймои В 787 аз ширкати «Сомон Эйр» мебошад.


Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо мақсади ба роҳ мондани хати нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин машварати муштараки ҳайати роҳбарикунандаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо ҳайати кории марбути Чин дар Пекин, вохӯрии сатҳи олии мақомоти авиатсионии ду давлат баргузор шуд. Инчунин ташкили вохӯрии навбатӣ моҳи декабр дарДушанбе пешбинӣ шудааст.
Дар ҷаласа ҳамзамон ба тадбирҳои тарбия ва дастгирии мутахассисони лаёқатманд, ташкилу маблағгузории таълиму тадриси касбӣ ва бозомӯзии ҳирфавӣ, инчунин забономӯзии кормандон дахл шуд. Гуфта шуд, ки КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар доираи хизматрасонӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардида, вазифаҳои дар наздаш гузоштаро бошарафона иҷро менамояд. Масъулин вазифадор гаштанд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Дар ҷаласа директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Дилшод Сафарзода оид ба нақши КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар татбиқи «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» ёдовар шуда, таваҷҷуҳи махсусро ба раванди муосиркунонии таҷҳизот, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, омода намудани мутахассисони соҳа ва рушди ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ҷалб намуд.
АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






