ҲАМКОРӢ БАЙНИ МИНТАҚАҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Бо ин мақсад Раиси ноҳияи Данғара дар вилояти Бурсаи Туркия қарор дорад

Октябрь 18, 2023 10:49

ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр Раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Раҳмон Исломиддин ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти  корхонаҳои саноатӣ ва омўзиши таҷрибаи пешқадам  ба вилояти Бурсаи Туркия сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.

Зимни вохўрӣ бо роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Бурса имконияти ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати нассоҷию хӯрокворӣ, инчунин тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Давоми рӯз ҳайати меҳмонон бо корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти консервию яхкардашуда, дўхти либосҳои кӯдакона ва матоъҳои гуногун шинос шуданд.

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин бо роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати  вилояти Бурса мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти  тиҷоратро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Имрӯз дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия ҳайати ноҳияи Данғара бо роҳбарии  Раҳмон Исломиддин дар ноҳияи Омонгазии вилояти Бурса бо фаъолияти корхонаи ресандагӣ ва дӯзандагӣ шинос шуданд.

Ҷонибҳо шартномаи ҳамкориро вобаста   ба дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисон дар корхонаҳои ресандагӣ ва дӯзандагӣ ба имзо расонданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Октябрь 18, 2023 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд