Варзишгарони тоҷик ба даври нимниҳоии Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасону ҷавонон дар Остона роҳ ёфтанд

Октябрь 26, 2023 18:13

ДУШАНБЕ, 26.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасону ҷавонон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон идома дорад. 3 муштзани тоҷик байни наврасон — Ҷаҳонгир Камолов дар вазни то 46кг, Мансурхуҷа Муминов дар вазни то 48кг ва Билолҷон Иксанов дар вазни то 50кг бо мағлуб намудани рақибонашон ба даври нимниҳоӣ баромаданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

23 октябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасону ҷавонон оғоз гардид, ки то 3 ноябр идома меёбад. Дар он 220 варзишгар (147 писар, 73 духтар) дар байни наврасон ва байни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) иштирок доранд.

Аз ҷумла, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс дар ҳайати 24 нафар (13 нафар наврас, 11 нафар ҷавон) ба Ҷумҳурии Қазоқистон равон гардиданд.

Хотиррасон мешавем, ки дар асоси нақша 23-29 октябр рақобатҳои муқаддамотӣ, 30-31 октябр- муҳорибаҳои нимфинал ва 2-3 ноябр финал баргузор мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 26, 2023 18:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад