Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия масъалаи ҳамкориро дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ баррасӣ намуданд

Октябрь 14, 2023 11:55

ДУШАНБЕ, 14.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 октябри соли равон  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҳамтои худ — Вазири энергетикаи Федератсияи Русия Николай Шулгинов вохӯрӣ намуд, ки зимни он масъалаҳои ҳамкории ду мамлакат  дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар мулоқот ҳамзамон мубодилаи афкор барои таъмини иҷрои Нақшаи тавозуни индикативӣ бо назардошти  ҳамасола  зиёд гардидани талаботи ҷумҳурӣ ба маҳсулоти сӯзишворӣ, махсусан сӯзишвории автомобилӣ ва дизелӣ  доир гардид.

Вазирони энергетика инчунин ҳамкорӣ  дар самти электроэнергетикаро  баррасӣ намуданд.

Далер Ҷумъа ва Николай Шулгинов натиҷаҳои Форуми энергетикии Созмони ҳамкории Шанхайро, ки  3-4 октябри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда буд, ёдовар шуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 14, 2023 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд