35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Носири Хусрав 52 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 05.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Носири Хусрав бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 112 иншоот ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 52-тои он ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ ба истифода дода шудааст. Танҳо дар соли 2022 33 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба пешвози ин ҷашни миллӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, ба миқдори 17070 бех ниҳол, аз ҷумла 8050 бех сояафкан, 5000 ҳамешасабз, 4020 ороишӣ, 47000 гулу гулбуттаҳо, аз он 6000 бех лола, 10000 садбарг, 31000 бех дигар гулҳо ва 15000 дона қаламчаи садбарг ва чанор шинонда, дар масоҳати 3000 метри мураббаъ кишти алафҳои ҳамешасабзро анҷом доданд.
Ҳамзамон дар ноҳия ба пешвози ин ҷашни фархунда озмунҳои ноҳиявӣ ҷиҳати муайян намудани хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла ва деҳоти беҳтарин гузаронида мешаванд.
Мавриди ёдоварист, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар ноҳияи Носири Хусрав 4 адад иншооти муҳими ҷашнӣ, аз инҳо 1-то фермаи мурғпарварии дорои 10 ҳазор сар мурғи гӯштӣ ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ бо 4 ҷойи корӣ, 1 тарабхона дар маркази шаҳраки Баҳор ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ, 1 меҳмонхона дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дорои се ҳуҷра ва 6 кати хоб ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ, 1 нуқтаи таъмири техникӣ ба маблағи 100 000 сомонӣ бо 2 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






