35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Роҳи деҳаи «Садоқат»-и ноҳияи Фархор чароғон карда мешавад
ДУШАНБЕ, 03.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масофаи қариб 1 километр шоҳроҳи деҳаи «Садоқат»- и Ҷамоати деҳоти «Ватан»-и ноҳияи Фархор чароғон мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор иттилоъ медиҳад.
Иқдоми мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва дастгирии як гурўҳ ҷавонони саховатпешаи ин деҳа амалӣ мегардад.
Дар деҳаи мазкур бо мақсади гузаронидани нерўи барқ ба симчўбҳо ва насби чароғҳо ҳоло кандани чуқурӣ ва хобондани ноқилҳои барқӣ идома дорад. Рӯзҳои наздик симчўбҳо насб карда шуда, роҳи деҳа бо пуррагӣ чароғон мегардад.
Мояи ифтихор ва хушҳолист, ки дар ноҳия дар баробари дигар корҳои ободонӣ, аз ҷумла сабзу хуррамгардонӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, сафолакпўшии роҳҳои пиёдагард, инчунин чароғонкунии роҳҳо ҳам вусъат меёбанд.
Мавриди тазаккур аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Фархор бунёду навсозии 400 бинову иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилои масъулин, аз шумораи умумии иншооти нақшавӣ 80 адади он соли 2022, 75-тои он соли 2023, 81 бинову иншоот соли 2024, 59 иншоот соли 2025 ва 106 иншоот соли 2026 бунёд ва навсозӣ мешаванд.
Аз моҳи марти соли 2022 то моҳи октябри соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Фархор зиёда аз 160 бинову иншоот бо тарҳи муосир бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






