Дар 10 моҳ дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 58 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шуданд
ТУРСУНЗОДА, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якуним километр роҳи деҳаи Аҳоруни Ҷамоати деҳоти Қаратоғ мумфарш гардид. Ин роҳ, ки ба талаботи роҳдорӣ ҷавобгӯ набуд, бо ёрдами мутахассисон ва техникаҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода мумфарш шуд.
Тавре масъулини Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд, соли 2023 роҳҳои маҳаллии деҳаҳои Ҷовидон ва Меҳробод низ мумфарш гардиданд.
Сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода Амиралӣ Носиров иброз дошт, ки дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ҳамагӣ 282,2 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд мебошанд, ки аз ин 21,6 км-ро роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 5,9 км-ро роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 254,7 километрро роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Давоми 10 моҳи соли равон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолону аҳолӣ зиёда аз 58 км роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 км зиёд мебошад. Инчунин роҳҳои деҳаҳои Савлӣ, Қипчоқ, Кадучӣ, Ширкенти деҳоти Работ ва деҳаи Ҳақиқати деҳоти ба номи Т.Тӯйчиев бетонпӯш гардиданд. Дар ин давра 193 км роҳҳои шаҳри Турсунзода аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба давраи гузаронидани зимистон омода шудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






