60 нафар падару модарон- ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо нишони «Маърифатпарвар» қадрдонӣ шуданд

Ноябрь 14, 2023 10:20

ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 60 нафар падару модарони ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо нишони «Маърифатпарвар», якчанд нафар  омӯзгорон бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Инчунин кормандони Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд нафар иштирокчиёни фаъоли озмун, хусусан пиронсолону ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд, «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардиданд.

Дар маросими қадрдонӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» давоми панҷ сол аст, ки бо ташаббус ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сартосари ҷумҳурӣ ҳаводорони зиёдеро ба ҳам оварда, дар рушди маърифати ҳамагон  нақши бориз мегузорад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2023 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд