Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа ва котибони шуроҳои амнияти СААД иштирок намуд

Ноябрь 23, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар шаҳри Минск ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ва котиби Шурои амният Насрулло Маҳмудзода намояндагӣ намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо оид ба вазъи сиёсиву ҳарбӣ дар минтақаҳои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) табодули афкор анҷом дода, маълумотро дар бораи самтҳои афзалиятнок дар давраи раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмон шуниданд. Ҳамчунин лоиҳаи Эъломияи Шурои амнияти дастҷамъӣ ва номгӯи қарорҳои сарони давлатҳо бар асос гирифта шуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳкими ҳамкории сиёсӣ ва мавқеъгирии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар арсаи байналмилалӣ, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои ҳарбӣ, ҳарбию иқтисодӣ ва ҳарбию техникӣ, инчунин вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба Осиёи Марказиро муаррифӣ намуд.

Аз натиҷаи ҷаласаи муштарак Изҳороти вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар бораи мавқеъгирии ягона ҷиҳати таъмини амнияти фазои Авруосиё дар шароити нави ҳарбию сиёсӣ қабул шуд.

Имрӯз, 23 ноябр дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мегардад.

АСК: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд