Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Дабири кулли САҲА иштирок намуд

Ноябрь 1, 2023 09:26

ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар шаҳри Ашқобод Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Форуми вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки фаъолияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ ироа намуда, зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати таҳкими амният дар паҳнои Созмонро таъкид намуд.

Ҳамчунин дар доираи форум Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ҳелга Шмид мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 1, 2023 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд