Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «QTM-2023»-и шаҳри Давҳа иштирок дорад

Ноябрь 21, 2023 15:18

 ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ифтитоҳи расмии «QTM-2023» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми  Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доранд. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

 Дар ғурфаи Тоҷикистон маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, маводи таблиғотии марбут ба мавзеъҳои саёҳатӣ, таърихию фарҳангӣ, инчунин дастовардҳо ва пешниҳодҳои ҷолиби бахшҳои асосии соҳаи гардишгарӣ дар мамлакат ба намоиш гузошта шудаанд.

Ҳамзамон дар намоишгоҳ роликҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба намудҳои сайёҳии мухталиф, аз ҷумла сайёҳии кӯҳнавардӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихиву фарҳангӣ ва экологӣ ба маърази тамошои меҳмонони намоишгоҳ гузошта шудаанд.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «QTM-2023»  то 22 ноябр идома меёбад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 21, 2023 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд