Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкории илмиро бо Маркази миллии тадқиқотии «Институти Курчатов»-Русия тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар шаҳри Москва байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти «Институти Курчатов»-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкории илмӣ ва илмию техникӣ Созишнома ба имзо расонида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар академия.
Созишномаро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва директори Муассисаи федералии буҷетии давлатии «Маркази миллии таҳқиқотии «Институти Курчатов» Михаил Ковалчук имзо намуданд.
Тибқи ҳуҷҷати имзошуда, тарафҳо дар самти пешбурди таҳқиқот вобаста ба технологияҳои табиатгуна, физикаи ҳастаӣ ва технологияҳои ҳастаии истифодаашон сирф бо мақсадҳои сулҳҷӯёна, аз ҷумла оид ба барқарорсозии реактори таҳқиқотии «Аргус — ФТИ» ба мувофиқа расиданд.
Инчунин дар асоси Созишнома машваратҳо, конфронсҳои илмӣ, вохӯриҳои корӣ ва намоишгоҳҳо, машғулиятҳои кӯтоҳмуддат дар заминаи Муассисаи федералии буҷетии давлатии «Маркази миллии таҳқиқотии «Институти Курчатов» ва ғайра гузаронида мешаванд.
Созишнома ба муҳлати панҷ сол баста шуда, дар даврҳои панҷсолаҳои минбаъда тамдид мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 21-22 ноябр Президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Федератсияи Русия қарор доштанд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин 8 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
АКС аз манбаъҳои боз








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






