Артемий Лебедев дар Душанбе барои ҳайати соҳибкорону дизайнерон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дарси маҳорат гузаронид
ДУШАНБЕ, 08.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорон, дизайнерон ва блогерҳои Тоҷикистон барои гирифтани маслиҳат аз мутахассиси маъруфи соҳа аз Русия Артемий Лебедев омаданд. Ташкилкунандаи вохӯрии кушод ширкати «МегаФон Тоҷикистон» буд.
Соҳибкасби дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда, блогери маъруф, соҳибкори муваффақ –сифату паҳлуҳои асосии шахсияти Артемий Лебедев ба ҳисоб рафта, боиси таваҷҷуҳи меҳмонони дар «Толори Суруш»-и шаҳри Душанбе ҷамъомада гардид. Яке аз мавзуъҳои асосӣ муносибат бо фармоишгарон ва арзёбии кори дизайнер маҳсуб мешуд. Артемий маслиҳат дод, ки аз ҳеҷ гуна танқид натарсем: «Ман аз он лаззат мебарам! Аммо бояд байни гуфтаҳои эҳсосотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва танқиди оқилонаву муфид фарқ карда шавад. Он барои ошкоркунии хатоҳое, ки шояд худи шахс пай бурда наметавонад, кумак менамояд».
Дар бораи тавсифи комёбиҳои бадастомада Лебедев оид ба тарзи амали худ нисбат ба тиҷорат ва идоракунии ширкат сухан гуфт. Ӯ ба коргаронаш озодии эҷодӣ дода, бо вуҷуди ин, дар студияи худ якчанд қоидаҳои қатъиро муқаррар намудааст. Чунончи, муҳокимаи музди меҳнати якдигар ва гуфтани ҳаҷми маоши худ қатъиян манъ аст, зеро дар коллективи эҷодӣ ин ба раванди кор таъсири манфӣ мерасонад. Барои рушди қобилияти кормандон Артемий маслиҳат дод, ки ба онҳо бояд мунтазам вазифаҳои дорои роҳҳои ҷолиби ҳал дода шаванд. Нақши роҳбар ба андешаи ӯ, на дар назорати ҳар қадам, балки дар баҳодиҳии натиҷаҳои тамоми кор ифода меёбад.
«Ҳам дизайнер ва ҳам соҳибкор бояд на бо дигар мутахассисону ширкатҳо, балки байни ҳам рақобат намоянд. Ҳамин тавр, шумо таҷрибае ба даст меоред, ки номи шуморо дар бозор баланд мебардорад. Ва агар шумо ягон қобилияти олӣ дошта бошед, онро пурра истифода баред», — мегӯяд Артемий Лебедев.


Меҳмони чорабинӣ инчунин дар бораи шавқу рағбати худ, сайру саёҳат ва пешбарии блоги шахсӣ сухан гуфт. Ба гуфтаи Артемий, ки аз тамоми мамлакатҳои ҷаҳон дидан намудааст, бояд аз расмҳои ҷилодор ва маконҳои маъруфи сайёҳӣ даст кашида, ҳаёти воқеӣ нишон дода шавад. Бори охир қариб сӣ сол пеш ба Душанбе омада буд, ки дар ин муддат шаҳр хеле тағйир ёфтааст. Студияи Артемий Лебедев бо таҳияи дизайни мактабҳои нави Русияву Тоҷикистон дар симои меъмории пойтахти ҷумҳурӣ низ саҳм гузоштааст. «Муҳимтар аз ҳама, на он чизе аст, ки сари шуморо мепӯшонад, балки он чизе аст, ки дар дохили сари шумост, яъне донишу маҳорат, то чӣ андоза пурмазмун будани гуфтаҳо ва хушмуоширатии шумо аҳамияти хос доранд», — гуфт Артемий Лебедев.
«Дар кори Студияи Артемий Лебедев як насли томи дизайнерҳо ба камол расида, мо лоиҳаҳои онро ҳидоят мекардем. Ҳоло мустақиман дидани Артемий худ таҷрибаи хеле хуб аст!»,– таассуроти худро баён дошт дизайнер Фаррух Сафарзода.
«Артемий Лебедев шахси номдор аст ва албатта, барои ҳамаи нафароне, ки бо дизайн ё фаъолияти тиҷоратӣ шуғл меварзанд, ҷолиб мебошад. Аз ин рӯ, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» тасмим гирифт, ки нахустин вохӯрии ӯро бо аҳли тиҷорати мамлакат доир намояд. Имрӯз ҳар иштирокчӣ барои худ маълумоти муфид гирифта, аз имконияти иловагии рушд огоҳ шуд. Агар таҷриба ва маслиҳатҳои Артемий Лебедев ба иштирокчиёни вохӯрӣ барои гузоштани қадамҳои нав дар ҷодаи касбу тиҷорат кумак намоянд, мо аз ин хеле хушҳол мегардем», — иброз дошт дар фарҷом директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






