Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ беҳтарин федератсияи минтақавии сол дар Осиё эътироф гардид
ДУШАНБЕ, 02.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ таҳти роҳбарии Президенти Ассотсиатсия муҳтарам Рустами Эмомалӣ беҳтарин ассотсиатсияи минтақавии сол дониста шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маросими тантанавии ҷоизасупории Конфедератсияи футболи Осиё 31 октябр дар пойтахти Қатар- шаҳри Давҳа баргузор шуд.
CAFA соли 2015 таъсис ёфта, ҷавонтарин Ассотсиатсияи минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё мебошад. Қобили тазаккур аст, ки таҳти сарпарастии CAFA дар давраи ҳисоботӣ – аз моҳи январи соли 2022 то апрели соли равон ёздаҳ мусобиқа, аз ҷумла барои ҷавонон ва занон баргузор гардиданд. Дар ин муддат аз 11 мусобиқа 9-тоаш дар Тоҷикистон гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки ба Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Федератсияи футболи шаш давлат – Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон шомил мебошад. Қароргоҳи CAFA аз соли 2019 дар Душанбе ҷойгир аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд






