Ҷавонон ва волонтёрони фаъол ба дидорбинии иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд

Ноябрь 17, 2023 12:01

ДУШАНБЕ, 17.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 31-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонон ва волонтёрони фаъол ба дидорбинии иштирокчиёни ин иҷлосия рафтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Зимни суҳбати самимӣ изҳор дошта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик роҳу самтҳои инкишофи ояндаи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷумҳуриро равшан намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу суботи воқеӣ расида, имрӯз амнтарин давлати дунё эътироф шуд.

Дар навбати худ иштирокчиёни иҷлосия аз ҷонфидоиҳои Президенти Тоҷикистон ёдовар шуда, ҷавононро ҳидоят намуданд, ки ба қадри ободӣ, шукуфоӣ, пешрафти ояндаи Тоҷикистон расанд ва Ватанро самимона дӯст доранд.

Онҳо пешниҳод намуданд, ки ҷавонон дар ободии давлат ва ояндаи пурнишоти он пайваста саҳм гузоранд, оромиву суботи ҷомеаро ҳифз намуда, обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2023 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад