«БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК». Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҷаласа доир гардид

Ноябрь 3, 2023 17:45

ДУШАНБЕ, 03.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия таҳти унвони «Бахтномаи миллати тоҷик» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.

Иброз гардид, ки  дар Конститутсияи Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ, ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ дар байни вазифаҳои мафкуравию муассисӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳои худ аз ҳама бештар вазифаи муқаддастарин, яъне муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуда, фарҳанги сулҳи тоҷиконро поягузорӣ ва дар амал татбиқ кард ва ҳамчун санади муҳимми ҳуқуқӣ барои амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи пешрафти давлат замина гузошт.

Дар ҷаласа ҳадафи асосии ин ҷашн баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ ва  шинохти Конститутсия чун омили рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки маҳз дар асоси Конститутсия халқи тоҷик худро чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуморида, дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду нумӯи онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намуда, роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифт.

Таъкид гардид, ки замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи меъёрҳои Конститутсия иқтисоди мамлакат рушд ёфта, давлати мо ба як марҳалаи тозаи тараққиёти устувори хеш қадам гузошт.

Дар идома фикру андешаҳо бобати нақши таърихии Конститутсия дар сохтани давлати ҳуқуқбунёд ва демократии Тоҷикистон баён гардид.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Ноябрь 3, 2023 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид