Байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Ноябрь 23, 2023 13:26

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ёддошти тафоҳум аз ҷониби сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ва директори Хадамоти федералии  приставҳои судии Федератсияи Русия Дмитрий Аристов ба имзо расонида шуд.

Ҳуҷҷати имзошуда дар самти иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин пешгирии қонуншиканиҳо ва саркашӣ намудан аз иҷрои  санадҳои судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Федератсияи Русия мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки 21 ноябр дар шаҳри Москва пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, илм ва дигар соҳаҳои мавриди манфиати тарафайн ба имзо расиданд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2023 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд