Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Ноябрь 2, 2023 18:32

ДУШАНБЕ,02.11.2023  /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр  бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  «Конститутсия – заминаи рушди низоми самараноки идоракунии давлатӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар академия хабар доданд.

Дар конференсия нақш ва аҳамияти қабули Конститутсия дар бунёди давлатдории миллӣ, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ гардида, гуфта шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди илмӣ дар инкишофи низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши назаррас мегузорад.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия маърузаҳо дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли саҳми Президенти мамлакат  дар ташаккули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар қабул ва татбиқи Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузорӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарчашмаи бунёдии ташаккулёбии муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷассуми масъалаҳои функсияҳои экологии давлат дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, кафолатҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии таъмини ҳуқуқҳои инсон ба муҳити зист ва ғ. пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Конференсия кори худро дар ду бахш идома дода, дар он зиёда аз 35 маъруза пешниҳод гардид, ки фарогири масъалаҳои мубрами назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон,  ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ буданд.

Зимни баррасии мавзуъҳо аз ҷониби олимон пешниҳодҳо оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ ироа шуданд. Иброз гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон намудааст. Аз ин рӯ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон бояд меҳвари фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаву муассиса, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил диҳад.

Иштирокчиён қатънома қабул намуда, таъкид доштанд, ки таклифу пешниҳодҳо ва натиҷаҳои конференсия барои такмили қонунгузорӣ ва рушди низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастрас мешаванд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 2, 2023 18:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд