Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашнҳои миллӣ – Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо.
Ноиби президенти АМИТ Абдусаттор Саидов иброз намуд, ки «мояи ифтихори мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки 16 ноябр бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Президенти мамлакат дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид шуд. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни сокини осудаи Тоҷикистони азиз аст».
Дар конференсия аз ҷониби олимон дар мавзуъхои «Коллексияи нумизматии Пешвои миллат», «Ниҳоди президентӣ ва рушди идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Падидаи Президентӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» маърузаҳои илмӣ ироа гардиданд.
Иброз гардид, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми ҷумҳурӣ, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони ҷумҳурӣ, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.
Гуфта шуд, ки хушбахтона, гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз чумла иқтисодиёт, сиёсат, илму маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳо гардид. Ҳамин тариқ, таъсиси ниҳоди президентӣ марҳалаи нави рушди давлатдорӣ маҳсуб шуда, дар роҳи тасдиқи унсурҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ қадами устувор гардид.
Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Сарвари давлат, Ватани маҳбуб, миллати тоҷик, ҳамчунин омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии мардуми ҷумҳуриамон ба ҳисоб меравад. Маҳз бо азму талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давоми қариб 30 соли охир дар ин мансаби олии пурмасъул фаъолият менамоянд, Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт, миллати тоҷик дар дунё муаррифӣ шуд, овози тоҷик ба гӯши аҳли башар расид ва садои тоҷик аз минбарҳои баланди созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гашт.
Иштирокдорон бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ иброз доштанд, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ ва ба шарофати хизматҳои содиқона, ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иқдому ташаббусҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷик ҳаёти осоишта ба сар бурда, дар тамоми самтҳои зиндагӣ ба дастовардҳои беназиру арзишманд муваффақ мегардад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






