Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ дар деҳаи Пшихарви ноҳияи Ванҷ бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 24, 2023 10:46

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Пшихарви Ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ бо иштироки раиси ноҳия бунгоҳи тиббии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки яке аз мушкилоти сокинони деҳа надоштани бунгоҳи тиббӣ буд ва он бо маблағи 724 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохта шуд.

Иброз гардид, ки солҳои охир якчанд марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд таъмиру навсозӣ гардида, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба истифода дода шуданд.

Раиси ноҳия аз сокинон даъват ба амал овард, ки дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми бештар гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ

Ноябрь 24, 2023 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд