Дар деҳаҳои Ҷомбахт ва Чуқураки ноҳияи Ховалинг майдончаҳои варзишии муосир ба истифода дода шуданд

Ноябрь 18, 2023 16:10

ХОВАЛИНГ, 18.11.2023 АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи «Ҷомбахт»-и Ҷамоати деҳоти «Ҷомбахт»-и ноҳияи Ховалинг бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ  майдончаи варзишии муосир бо тамоми шароити зарурӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Майдонча дар маркази деҳа бунёд гардида, минбаъд сокинони деҳа имкон доранд дар он ба варзиш машғул шаванд. Дар майдончаи  тозабунёд Мусобиқаи футбол баҳри дарёфти ҷоми Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, ки дастаҳо аз деҳоти ноҳия барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ ва ҷом бо ҳам сабқат намуданд.

Инчунин дар деҳаи Чуқураки ин ҷамоат майдончаи варзишии  дигар дар масоҳати 8 садяк замин ба истифода дода шуд. Он барои наврасону ҷавонон имконияти машқу тамринро дар ҳамаи фаслҳои сол фароҳам меорад. Зимни ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ аз ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбат ба насли наврас ва сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуда, иброз гардид, ки давоми панҷ соли охир дар ноҳия беш аз 20 иншооти варзишӣ сохта шудаанд, ки наврасону ҷавонон дар онҳо ба обутоби бадан машғул мебошанд.

Дар ин ҷамоати деҳот   инчунин бунёду навсозӣ ва таъмири 49 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг

Ноябрь 18, 2023 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд