Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021-2025» 10 корхонаи саноатӣ бунёд мегардад

Ноябрь 21, 2023 15:41

ДУШАНБЕ, 21.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021-2025» аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 382,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла буҷети ҷумҳуриявӣ 41,9 миллион, маҳаллӣ 3,9, бахши хусусӣ (соҳибкорон) 302,1 ва сармояи хориҷӣ 34,3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. То имрӯз Барномаи мазкур 138 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ шуда, иҷрои он 36 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз 10 корхонаи саноатии истеҳсолии дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021-2025» пешбиншуда, 6-тои он, аз ҷумла ҶДММ «Аҳмад-Абӯбакр» (истеҳсоли афшураҳои зарфӣ, консерва), ҶДММ «30-солагии Истиқлолият» (истеҳсоли панҷараҳои оҳанин ва сарпӯши лӯлаҳо), ҶСП «Воҳид-С» (истеҳсоли қуму шағал), ҶДММ «Зеби диёр» (истеҳсоли хишти сементӣ), корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ ва сангҳои ороишӣ дар деҳоти Шаҳринав ва коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ дар деҳоти Чуст мавриди истифода қарор гирифт.

Бояд ёдовар шуд, ки соли равон берун аз Барнома корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ «Нигоҳи зебоофар» (истеҳсоли сангҳои ороишӣ), «Алиҷони Содиқҷон» (истеҳсоли қоғази ташноб), «Машҳур шавад» (истеҳсоли сарулибоси мактабӣ) ва «Тоҷик-табиб дорусоз» (истеҳсоли маҳсулоти ғайриспиртӣ) сохта, ба истифода дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Шаҳринав бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқшуда, 164 иншоот бунёд мегардад. Аз ин шумора 7 иншоот дар соҳаи саноат, 18 адад дар соҳаҳои кишоварзию тандурустӣ, 3 бинои баландошёна, марказҳои хизматрасонию дигар иншооти муҳим сохта мешаванд. Хушбахтона, бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия соли 2022 25 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 21, 2023 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Бадахшон мизбони Форуми байналмилалии «Помир-инвест -2025» мегардад
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Тавсеаи ҳамкории энергетикии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд
«Chengdu Airlines» парвозҳои мусофирбарии мустақимро дар самти Қошғар-Хуҷанд-Қошғар амалӣ менамояд