Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн аз саҳми шоёни рассомон ва санъатшиносон дар таҳияи Парчами давлатӣ ёдовар шуданд

Ноябрь 24, 2023 17:10

ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ мебошад.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ватани азизамон аввалин рамзи давлатдорие, ки дар ҷумҳурӣ қабул шуд, Парчами миллӣ буд, ки имрӯз чун дигар давлатҳои ҷаҳон Тоҷикистон бо ҳамин рамзҳои давлатдориаш дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, маҳбубияти хос пайдо намудааст. Дар ин росто аз саҳми шоёни рассомон, дизайнерон ва санъатшиносони варзидаи ҷумҳурӣ дар таҳия ва омода намудани Парчами давлатӣ изҳори назар шуд.

Дар фарҷом ба хотири эҳтироми руҳи муқаддаси бузургони миллати тоҷик, корнамоиҳову фидокориҳои фарзонаи фарзандони миллат, қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки парчамдорону парчамбадастони давру замони хеш ба ҳисоб мерафтанд, ҳамзамон хизматҳои бесобиқа ва мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки орзуву омоли ҳазорсолаи миллати тоҷикро бароварда намудаву Парчами Тоҷикистони азизро бо баландтарин сатҳ дар ҷаҳон парафшон намудаанд, аҳли толор бо кафкӯбиҳо сано хонда, изҳори шукргузорӣ ва қаноатмандӣ аз соҳибистиқлолии мамлакат, сулҳу субот, амнияти саросарӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани маҳбуб намуданд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2023 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад