Дар Душанбе Фестивали VI филмҳои фаронсавӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 26.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 ноябр то 1 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали шашуми филмҳои фаронсавӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ташкил мегардад, баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорат хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамарӯза аз соати 17:30 дар ошёнаи якуми бинои «Диёри Душанбе», гуногуниву бойигарии кинои фаронсавӣ дар филмҳои бадеӣ, филмҳои тасвирӣ, мазҳака ва фоҷиаҳои муосир пешкаши тамошобинони тоҷик ва меҳмонони пойтахт гардонида мешавад.
27 ноябр, соати 17:30 филми бадеии «La Сhèvre» (Бетолеъон), аз муаллиф Фрэнсис Вебер (1981), мазҳакае бо Пйер Ришард ва Жерар Депардйе ба намоиш гузошта мешавад.
Дар намоишҳои минбаъда филмҳои гуногуни бадеӣ, аз ҷумла «Идома», “Фоҷиа” , “Сафари шоҳзода”, филмҳои тасвирӣ, саргузаштӣ намоиш дода мешаванд.
Ҳамаи намоишҳо бо забони фаронсавӣ ва зернависҳо бо забони русӣ намоиш дода мешавад. Даромад озод аст.
АКС: Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






