Дар Душанбе Мактаби химикони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегузарад
ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 ноябр то 2 декабр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мактаби химикони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Дастовардҳои муосири илм ва технологияи химия» мегузарад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ доир гардида, дар он олимону коршиносони соҳа дар ҳайати 36 нафар аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Арманистон иштирок доранд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова дар робита ба тавсеа ва густариши ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаву созмонҳои байналмилалии илмӣ ибрози андеша намуд.
Иштирокдорони мактаби химикон дар ин рӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни илми химия оид ба маводи органикӣ ва ғайриорганикӣ, кимиёи полимерҳо ва дорусозӣ, инчунин дар соҳаи кимиёи сабз маъруза пешниҳод ва муҳокима менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз соли 2019 Мактаби химикони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баргузор менамояд. Мактаб барои ташкили фазои ягонаи илмӣ ва таълимӣ пешбинӣ шуда, муҳаққиқони соҳаи химияи органикиро муттаҳид менамояд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон










Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






