Дар Душанбе масъалаҳои омодагӣ ба Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вобаста ба масъалаҳои омодагӣ ба Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Эрон мулоқоти раиси Кумита Саъдӣ Қодирзода бо соҳибкорони ватанӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин Кумита хабар доданд.
Дар мулоқот изҳор гардид, ки мақсади асосии баргузории форум- ин муаррифии ҳарчӣ бештари имконияти сармоягузорию соҳибкорӣ ва дар ин замина диверсификатсияи ҷалби сармоя ба иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, соҳибкорони ватаниро зарур аст, ки ҷиҳати омода намудани лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ва иштироки фаъолона дар форум тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Зимни ҷамъомад дигар масъалаҳо низ вобаста ба баргузории форум аз ҷониби тарафҳо баррасӣ шуданд.
Тавре қаблан хабар додем, пагоҳ, 8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуда, дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон иштирок менамояд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






