Дар Хуҷанд бахшида ба 115-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Ноябрь 17, 2023 10:21

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ» бо иштироки доираи васеи олимони ватаниву хориҷӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд.

Конференсия бо ибтикори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир шуд.

Дар конференсия  иброз гардид, ки арҷгузорӣ ва гиромидошти корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ ва намояндагони номовари халқи тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати илму адабпарвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Асари беназиру арзишманди «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ дар ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон нақши бисёр муҳим мегузорад.

Доир ба мавзуъҳои «Академик Бобоҷон Ғафуров – падарсолори илми ховаршиносӣ», «Хориқаи академик Бобоҷон Ғафуров бо забони ҳуҷҷатҳои бойгонӣ» маърузаҳо ироа гардида, асари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуровро дар шинохти таърихи пурғановати тоҷикон дар асри ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо бисёр муҳим маънидод намуданд.

Таъкид шуд, ки имрӯз насли наврас, ҷавонон, тамоми мардуми ҷумҳурӣ ба худшиносӣ, худогоҳӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ, эҳтиром ба мероси гузашта, кору пайкор ва осори фарзандони фарзонаи миллат беш аз пеш ниёз доранд. Корномаи илмии аллома Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурарзиши илмии ӯ, хосатан китоби «Тоҷикон» беҳтарин мерос ва дарси сабақ ба насли имрӯзу оянда аст.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Ноябрь 17, 2023 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?