Дар қисмҳои низомии шаҳри Хоруғ наваскарон савганди садоқат ёд намуданд

Ноябрь 18, 2023 14:51

ХОРУҒ, 18.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Наваскарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз як моҳи таълиму омӯзиш савганди ҳарбӣ ёд намуда, садоқати худро нисбат ба Ватан ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад.

Марзбонони навдаъват пас аз як моҳи омӯзиш дар Маркази таълимии ғайрибастӣ қасам ёд намуданд, ки ба Ватани худ ҷонфидоёна хизмат менамоянд ва то охир ба ин қасами худ содиқ мемонанд. Ҳар ҷавоне, ки ба хизмати Ватан-Модар камар мебандад, то охири умр ин лаҳзаи ҳаёташро фаромӯш намесозад ва ҳамеша аз ин рӯзҳои пур аз шодиву фараҳ ва мураккабу душвор бо хушҳолӣ ёд менамояд.

Роҳбарияти шаҳри Хоруғ афсарону марзбонони мамлакатро бо Рӯзи савгандёдкунӣ табрик намуда, изҳор доштанд, ки дар ҳар мулоқоти худ бо низомиён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид медоранд, ки Ҳукумати мамлакат бо назардошти аҳамияти калидӣ ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, аз ҷумла барои сохторҳои марзбонӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Дар даҳ соли охир садҳо нафар ҷавонон Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва даҳҳо тани дигар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатҳои хориҷиро хатм намуда, имрӯз дар Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат менамоянд.

Дар дохили қисми сарҳадбонии Маркази таълимии ғайриштатӣ наваскарон қабл аз ба марз раҳсипор гардидан дар ин ҷо бо тамоми нозукиҳои ҳифзи сарҳад ба таври назариявию амалӣ шинос шуда, пас аз як моҳи таълиму тадрис ва маъракаи қасамёдкунӣ ҳаққи ҳифзи марзи давлатиро пайдо менамоянд.


Дар маросими савгандёдкунӣ як гурӯҳ волидон иштирок намуданд. Онҳо ифтихор доштанд, ки фарзандонашон дар баробари дигар ҷавонони бонангу номус имрӯз барои ҳимояи марзу буми ҷумҳурӣ омода шудаанд.

Яке аз волидоне, ки роҳи дарозро тай намуда, дар рӯзи савганди писараш иштирок намуд, сокини шаҳри Душанбе Хушқадам Қудратов мебошад. Дар суҳбат бо марзбонон ӯ изҳор дошт, ки «ин писари сеюми ман аст, ки дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат менамояд. Ман ифтихормандам, ки фарзанди ман либоси ҳарбӣ ба бар намуда, марзи ҷумҳуриро ҳимоят менамояд».

Сарбозони шуҷоъ дар назди фармондеҳон, ҳамяроқону волидони худ қасам ёд намуданд, ки сарфи назар аз ҳар гуна монеаву душвориҳо ба савганди хеш содиқ мемонанд ва дар ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ ҳаёти худро низ дареғ намедоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 18, 2023 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд