Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад

Ноябрь 30, 2023 16:10

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тӯфоне, ки бегоҳӣ дар Истанбул ба амал омад, ба нақлиёт ва зиндагии мардум таъсири манфӣ расонид,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Казинформ».

Дар робита ба ин ҳодиса мақомот киштиҳоро дар ду самти гулӯгоҳҳои Босфор ва Дарданел бастаанд. Дар фурудгоҳҳои Истанбул беш аз 70 парвоз лағв шуда, дар сеяки қаламрави Туркия бинобар ба 70-80 км/соат расидани шамол сатҳи “зард” ва “норинҷӣ”-и хатари обу ҳаво эълон шудааст.

Бар асари тӯфони шадид киштии боркаши «Kadriye Ana» дар баҳри Мармара дар наздикии Истанбул ба қаър афтод. Экипажи киштӣ бонги хатар зада, дар бораи ҳолати эҳтимолии шикастан ва ғарқшавӣ хабар дод. Ба туфайли кумаки саривақтӣ 12 маллоҳи киштӣ наҷот дода шуд.

Дар айни замон мутахассисон резиши нафтро месанҷанд, зеро дар ин киштӣ қариб 600 тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол меёфт.

АКС: pixabay

Ноябрь 30, 2023 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад