Дар Маркази «Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат» конференсияи илмӣ баргузор гардид

Ноябрь 14, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 14.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Эмомалӣ Раҳмон – мубаллиғ ва ҳимоятгари илму адаби тоҷик»- таҳти чунин унвон имрӯз  дар Маркази «Пажуҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки дар замони муосир дар дилхоҳ давлат ба Президенти мамлакат ва нақши ӯ дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати дохиливу хориҷӣ эътибори хосса медиҳанд.

Дар ҳамоиш доир ба мавзуъҳои «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳангнигории тоҷик», «Эмомалӣ Раҳмон-мубаллиғ ва ҳимоятгари илму адаби тоҷик», «Нақши Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ» маърузаҳо ироа гардида, доир ба масъалаҳои мубрами фаъолияти Президенти мамлакат изҳори андеша гардид.

Дар анҷоми ҳамоиш шеъри «Номаи фахру сипос» қироат шуд, ки аз он  табъи иштирокдорон шод гардид.

АКС: Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Ноябрь 14, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад