Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд

Ноябрь 27, 2023 16:56

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи сӯхтори харобиовар дар маркази савдои шаҳри бандарии Қарочӣ, дар ҷануби Покистон 11 нафар ҳплок ва беш аз 20 нафар захмӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» иттилоъ медиҳад.

Муовини комиссари ноҳияи шарқии Қарочӣ Алтоф Шайх рӯзи шанбе ба расонаҳо шумораи ғамангези ҳалокшудагонро тасдиқ намуда, гуфт, ки теъдоди ҳалокшудагон метавонад афзоиш ёбад, зеро чанд захмбардоштаи дигар дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Наҷотдиҳандагон ишора намуданд, ки сӯхтор бинобар вайрон будани муҳаррики барқдиҳӣ дар болои боми бинои маркази савдо ба вуҷуд омадааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии иттилоотии «Синхуа»

Ноябрь 27, 2023 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест