Дар Париж дар Нишасти қутбии «Як cайёра» аз ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ёдовар шуданд

Ноябрь 11, 2023 11:44

ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр бо ибтикори ҷониби Фаронса дар шаҳри Париж Нишасти қутбии «Як cайёра» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Нишасти мазкур сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, намояндагони баландпояи кишварҳо, муҳаққиқону олимон, роҳбарони ниҳодҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, намояндагони мардуми бумӣ, ҷомеаҳои маҳаллӣ ва бахши хусусиро аз кишварҳои гуногун бо мақсади баррасии чолишҳои тағйирёбии иқлим, алалхусус вазъи пиряхҳо дар сайёра ба ҳам овард.

Иштирокдорони  нишаст перомуни вазъи пиряхҳо ва чолишҳои марбут ба онҳо табодули андеша намуда, мушкилоти мавҷударо дар заминаи фурӯпошии криосфера дар миқёси ҷаҳон, ки метавонад ба аҳолӣ ва экосистема дар маҷмӯъ, захираҳои об ва болоравии сатҳи баҳр таъсир расонад, ташвишовар номидан ва ҳамкории амиқи байналмилалиро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ  намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни андешарониаш бо ишора ба натиҷаҳои конфронсҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва махсусан қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар ин масъала ёдрас гардида, иброз дошт, ки татбиқи уҳдадориҳо дар доираи конфронсҳо ва ҳадафҳои “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба тағийрёбии иқлим дар сайёра мусоидат хоҳад кард.

Таъкид гардид, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи “Об барои рушди устувор”, ҳамчунин, соли 2025 Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад ва ширкати фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин чорабиниҳои муҳимми байналмилалии Тоҷикистон дар амри ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2023 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид