Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии тақсимоти ғайриқонунии замин ва сохтмони худсарона ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар мавриди истифодаи самараноку оқилонаи замин, аз ҷумла заминҳои таъйиноти кишоварзӣ, фонди давлатии об, нақлиёт ва алоқа, пешгирии ҳодисаҳои ғайриқонунӣ додан ва вобаста намудани замин ҷаласа доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа Вазири кишоварзӣ, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар кормандони масъули дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ба онҳо баробар, сардорони раёсату шуъбаҳои тафтишотию оперативии Вазорати корҳои дохилӣ, сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва раисони шаҳру ноҳияҳои иштирок намуданд.
Дар ҷаласа пешгирии ҳодисаҳои ғайриқонунӣ додан ва вобаста намудани замин, ғасби он ва сохтмонҳои худсарона дар ин гурӯҳҳои замин давоми солҳои 2020-2022 ва 6 моҳи соли 2023, инчунин ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти амаликунандаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ намудан ва кушодани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар давраи соли 2022 ва 9 моҳи соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ шарти асосии рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлат маҳсуб шуда, он ба истифодаи мақсадноки замин вобастагии зич дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи замин мудом дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.


Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои таъсиррасонии прокурорӣ вазъи истифодаи замин дар ҷумҳурӣ беҳтар гардидааст. Вале ҳанӯз ҳам дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораи замин, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, шаҳрвандон ва дигар заминистифодабарандагон қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Дар давраи таҳлилӣ прокуророн баҳри бартараф намудани ин қонунвайронкуниҳо ба унвони шахсони мансабдор 8435 амр, 4149 пешниҳод ва ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 4066 эътироз оварда, 3864 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ, 16716 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 3696 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва майдони 49151,72 гектар заминҳои худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис таъкид гардид, ки дар давраи таҳлилӣ мақомоти амаликунандаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини сулҳу субот, амнияти миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд. Ин аст, ки тибқи маълумоти оморӣ, дар давраи таҳлилӣ сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ паст гардида, дар 9 моҳи соли 2023 ҳамагӣ 1637 ё 4,3% ҷиноят кам ба қайд гирифта шудааст.
Дар анҷоми маҷлис Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон ба масъулини соҳаи замин, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокурорҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар ин самтҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд






